COVID-19. То имрӯз беш аз 1,5 миллион нафар аз бемории сироятии коронавирус шифо ёфтаанд

COVID-19. То имрӯз беш аз 1,5 миллион нафар аз бемории сироятии коронавирус шифо ёфтаанд
Май 12
13:03 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавирус COVID-19 ба 4 миллиону 256 ҳазору 76 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 527 ҳазору 568 кас шифо ёфтаанд ва 287 ҳазору 336 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 385 834 нафар), Испания (268 143), Британияи Кабир (223 060), Россия (221 344), Италия (219 814), Франсия (177 423), Германия (172 576), Бразилия (169 594), Туркия (139 771) ва Эрон (109 286) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (262 225 нафар), Испания (177 846), Германия (145 617), Италия (106 587), Туркия (95 780), Эрон (87 422), Чин (78 171), Бразилия (67 384), Франсия (56 724) ва Россия (39 801) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (81 795 нафар), Британияи Кабир (32 065), Италия (30 739), Испания (26 744), Франсия (26 643), Бразилия (11 653), Белгия (8 707), Германия (7 661), Эрон (6 685) ва Нидерланд (5 456) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 708
  • 1,242
  • 949,728