COVID-19. То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 3,8 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд

COVID-19. То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 3,8 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд
Май 07
07:53 2020

Ба ҳолати субҳи 7 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 822 ҳазору 860 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 302 ҳазору 891 кас шифо ёфтаанд ва 265 ҳазору 76 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 263 ҳазору 92 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 74 ҳазору 799 нафар ва шумораи шифоёфтагон 212 ҳазору 891 касро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА, ҳамчунин Испания  (253 682 нафар),  Италия (214 457), Британияи Кабир (201 101), Франсия (174 191), Германия (168 162), Россия (165 929), Туркия  (131 744),  Бразилия (126 611) ва Эрон (101 650) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар ИМА — 212 981 нафар, Испания – 159 359, Германия – 139 900, Италия – 93 245, Эрон – 81 587, Туркия – 78 202, Чин – 77 957, Франсия – 53 972, Бразилия – 51 370 ва Канада – 28 171 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (74 799 нафар), Британияи Кабир (30 076), Италия (29 684), Испания (25 857), Франсия (25 809), Бразилия (8 588), Белгия (8 339), Германия (7 275), Эрон (6 418) ва Недерланд (5 204) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750