COVID-19 зарурати созишномаи глобалиро дар бораи омодагӣ ба пандемияҳо дар оянда нишон дод

COVID-19 зарурати созишномаи глобалиро дар бораи омодагӣ ба пандемияҳо дар оянда нишон дод
Июн 01
13:18 2021

Роҳбари СУТ аз ҳама кишварҳо даъват кард, ки таҳияи шартномаи байналмилалиро дар бораи омодагӣ ба пандемияҳо дастгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, «хатои азим» хоҳад буд, агар чунин ҳисобида шавад, ки хатари COVID-19 пушти сар мондааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ гузориш медиҳад, роҳбари СУТ  дар ин бора ҳангоми пӯшидани Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст.

Бо тазаккури ин ки бемории COVID-19 ва фавт ба асари он дар саросари ҷаҳон коҳиш меёбад, директори генералии СУТ доктор Тедрос Гебрейесус ба ҳар ҳол исрор варзид, ки танҳо бо роҳи татбиқи чораҳои мушаххаси эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо эмгузаронӣ ба пандемия хотима додан имконпазир аст.

Доктор Тедрос аз ҳамаи давлатҳо даъват кард, ки уҳдадор шаванд, ки то охири  сентябр 10 фоизи аҳолии кураи Замин ва то охири сол — 30 фоизи онро эм мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо танҳо дар ҳоле  метавонанд бехатарии шаҳрвандони худро таъмин кунанд, ки агар масъулияти дигаронро бар дӯш бигиранд. Ва пандемия, -бо изҳори таассуф таъкид  кард роҳбари СУТ -берағбатиро ҷиҳати табодулаи маълумот, иттилоот, технология ва захираҳо бо ҳамдигар нишон дод.

Созишномаи ҷаҳонӣ

Директори генералии СУТ коркарди созишномаи байналмилалиеро  зарур меҳисобад, ки имкон бидиҳад таҳдидҳои эҳтимолии ҷаҳонӣ ба саломатӣ пешакӣ шиносоӣ шаванд, маводи зарурӣ барои пандемия захира шавад, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, тестҳои санҷишӣ ва доруҳо таъмин гардад ва «урдуи» мутахассисон барои кор дар ҳолатҳои фавқулода омода карда шавад.

«Ҳар гуна созишномаи байналмилалӣ бояд аз ҷониби кишварҳои узви СУТ таҳия ва қабул карда шавад», — таъкид кард Тедрос ва илова кард, ки коркарди шартнома бояд ба таври ҳамаҷониба, бомулоҳиза ва бо дарназардошти таъхирнопазирии вазифа сурат бигирад. «Мо вақт надорем», — гуфт номбурда.

То 30 май тибқи маълумоти тасдиқшуда, дар саросари ҷаҳон 169.597.415 нафар ба COVID-19 сироят ёфтааст ва 3.530.582 нафар фавтидааст. Мутобиқи иттилоот, то 27 май бар зидди коронавирус 1.546.316.352 ваксина гузаронида шудааст — сухан дар бораи миқдори вояҳо меравад, на ваксинаҳо, чунки тавре ки маълум аст, баъзе ваксинаҳо ворид намудани ду вояро ба бадан тақозо мекунанд.

Номҳои нав барои гунаҳои коронавирус

Имрӯз СУТ қарорро дар бораи додани номҳои нав ба гунаҳои асосии вируси муқадамотии SARS-CoV-2, ки дар натиҷаи гунашавии (мутатсия) он пайдо шудааст, эълон кард. Барои ин ҳарфҳои алифбои юнонӣ истифода хоҳанд шуд. Дар Созмон таъкид мекунад, ки номҳои кунунии илмӣ боқӣ хоҳанд монд, аммо «онҳо барои талаффуз ва дар хотир гирифтан чандон осон нестанд ва бинобар ин метавонад боиси иштибоҳ шаванд». Дар натиҷа, гунаҳои нави вирус аз рӯи маҳалли ошкоршавии онҳо — «Британиягӣ», «Ҳиндустонӣ», «Бразилиягӣ» ва ғайра номгузорӣ шуданд, ки боиси тамғагузорӣ ва табъиз шудаанд.

Барои пешгирӣ аз ин ва осон кардани мубодилаи иттилоот, СУТ аз ҳукуматҳо, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа даъват мекунад, ки номҳои навро эътироф ва истифода кунанд.

ДАР АКС: чораҳои муназзами эпидемиологӣ ва эмгузаронии баробар — танҳо ҳамин тавр метавон бар пандемия пирӯз шуд, чунин меҳисобанд дар СУТ. Акс аз ПАОЗ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 674
  • 1,242
  • 949,694