Ҳамасола аз 1 то 10 август дар ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 гузаронида шуда, имсол он таҳти шиори «Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизои табиӣ (синамаконӣ) имконият фароҳам намоед», баргузор хоҳад шуд.
Дар робита ба ин маърака тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли равон баргузории чорабиниву вохурӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии гузаронидани ин маърака баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кўдакон мебошад.
Ҳанӯз соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз намуда буд, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.