Даҳаи иттилоотӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории диабети қанд

Даҳаи иттилоотӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории диабети қанд
Ноябр 15
13:00 2022

Бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диабети қанд”, ки ҳамасола дар саросари олам 14 ноябр қайд карда мешавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ баргузор гардиданд.

Соли ҷорӣ низ бахшида ба санаи мазкур дар вилояти Суғд Даҳаи иттилоотӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ  вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд гузаронида  шуд.

Бахшида ба ин рӯз аз тарафи мутахассисони Маркази клиникавӣ эндокринологии вилояти Суғд ва эндокринологҳои шаҳру ноҳияҳои  вилоят як қатор чорабинҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла дар байни аҳолӣ ва дар ҷойҳои серодам, ба монанди бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят “Дӯконҳои саломатӣ” ташкил карда шуд.

Инчунин, кӯдакони ба Маркази клиникавӣ эндокринологии вилояти Суғд муроҷиатнамуда ва бистаришуда пурра ройгон аз муоинаҳои ташхисӣ (муайян намудани сатҳи гемоглобини гликозиятшуда, таҳлили креатинин ва мочевинаи хун ва ғайраҳо) гузаронида шуда, аз тарафи маркази номбурда 10 нафар кӯдакони мубталои диабети қанд бо тӯҳфаҳо ва лавозимотҳои дарсӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, дар байни кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва  маориф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, бо фарогирии 5600 нафар зиёда аз 75 лексияҳо хонда шуданд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма, хосатан телевизион ва радио мутахассисони соҳа вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд баромад намуда, ба таври содда ва оммафаҳм доир ба ин беморӣ ба тамошобинон ва шунавандагон маълумот пешниҳод намуданд.

Баҳри  баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи наврасон дар байни  хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят  зиёда аз 25 ҳазор диктантҳо навишта шуданд.

Қобили ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлкат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати тандурустии вилоят соҳаи эндокринология дар вилояти мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 962
  • 1,242
  • 949,982