Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун бо тарҳи муосир ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим бунёду навсозӣ мегарданд.
Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Сангтӯда бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анҷом расид.
Қаблан дар марказҳои саломатии деҳаҳои мазкур ҳамагӣ ду-се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 10-12 нафар расид.
Айни замон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар баробари бунёди иншооти гуногун ҳамзамон дар ноҳияи Данғара сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.
(АКС аз АМИТ “Ховар”)