Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус меафзояд

Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус меафзояд
Феврал 17
09:42 2020

Рӯзи шанбе дар Чин 2 009 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба Вазорати тандурустии Чин иттилоъ  медиҳад.

Ҳамчунин, рӯзи шанбе 142 ҳолати фавт аз коронавируси нав ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 139 нафарашон дар Ҳубей, ки макони паҳншавии вируси нав ба ҳисоб меравад, фавтиданд. Тибқи иттилои Комиссияи миллии тандурустӣ, 2 нафар дар Сичуан ва 1 каси дигар дар Ҳунан вафот намудаанд.

Инчунин, гузориш дода мешавад, ки аз 2 009 ҳолати нави сироятёбӣ 1 043 ҳолат дар музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудааст. Аз 1 843 ҳолат 888 –тои он мавриди ташхиси клиникӣ қарор гирифтанд.

Тавре қаблан Вазорати тандурустии Чин иттилоъ дод,  шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-2019 ба 70,5 ҳазор нафар расида, вазъи 10.6 ҳазори онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин 1770 нафари дигар вафот карданд.

Ба иттилои агентии «Yonhap», дар Кореяи Ҷанубӣ як ҳолати дигари сироятёбӣ аз коронавирус дар марди 82-сола, ки солҳои наздик ин кишварро тамоман тарк накардааст, ба қайд гирифта шуд. Ҳоло шумораи умумии сироятёбӣ аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ 29 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, шумораи нафароне, ки дар киштии круизии «Diamond Princess» сироят ёфтаанд, меафзояд. «The Guardian» хабар медиҳад, ки рӯзи якшанбе миёни мусофирони киштӣ, ки аз 4 феврал инҷониб дар Япония дар ҳолати карантин мебошад, 70 ҳолати дигари сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки шумораи умумии сиротяёфтагон дар киштии мазкур ба 355 нафар расид.

ИМА, Ҳонконг, Канада, Австралия ва инчунин дигар кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин киштӣ қарор доранд, аллакай омодаанд шаҳрвандони худро таҳвил диҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 716
  • 1,242
  • 949,736