Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар баррасӣ гардид

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар баррасӣ гардид
Май 20
15:46 2022

20 майи соли равон дар Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия”  аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ  баргузор гардид, ки дар он Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н. Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадшо Гулзода, ректори Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, сардорон ва роҳбарони як қатор раёсат ва хадамотҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Ш. Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ифтитоҳ намуда, доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мухтасар суханронӣ намуд.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 маҳз бо талош ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар кишвар таъмин гардид.

Махсусан, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ва бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо идома ёфта, дар кишвар як қатор иншоотҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Қайд гардид, ки дар давраи пандемияи COVID-19 ва баъди он низ дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хостан пиронсолон ва маъюбону ятимон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, ин раванд минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

Номбурда зимни суханронии хеш доир ба самтҳои  дигари соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҳозирин маълумот  пешниҳод намуд.

Баъдан, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар саволҳо пешниҳод намуданд, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба онҳо посухҳои мушаххас дод.

Дар анҷом  қарори ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон доир ба мавзӯи баррасишуда қабул карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740