Дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ

Дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ
Октябр 26
14:47 2020

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти ҷарроҳӣ дар мамлакат рушд ёфта, ҷарроҳони дилу рагҳои хунгард бори нахуст амалиёти импланти кардиостимулятори сеҳуҷравӣ, дар як марҳила ҷарроҳӣ дар се дарғоти дил бо протезкунонии аортаи болобаранда, коррексияи тетрадаи Фалло ба кӯдакони то 5 кг вазндошта, иваз намудани нои пешобрав бо вариди клапандори вариди калони таги пустии ронро амалӣ намуданд.

Инчунин, дар ин давра дар  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология бори нахуст амалиётҳои ҷарроҳии буриши ҷигар, ғадуди зери меъда, бемории Делафуа (дефектҳои калони меъда бо хуншории вазнин), ҷарроҳии симултании кистаи эхинококкозӣ аз ҷигар ва шуш бо истифода аз нитрогени моеъ, криохолетсистэктомия миёни беморони гепатити музмин ва сиррози ҷигар, криоҷарроҳӣ оид ба панреонекроз, буриши қисмати проксималии меъдаву нимаи ҷигар оид ба саратон, буриши панкреатодуодуоденалии фаврӣ ҳангоми хунравӣ ва дар якҷоягӣ бо ҷарроҳони рагҳо протезкунонии шоҳварид ҳангоми омоси амалӣ гашта, дар маҷмӯъ 250 амалиёти криоҷарроҳии бемориҳои шикам гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, ҷарроҳон-саратоншиносони кишвар ташхиси эндовидеоии бемориҳои қафаси сина ва иммуногистокимиёии саратони ғадуди шириро оғоз намуда, дар табобати саратони шуш усули бронхопластикиро пас аз буриши қисми болоии шуш бо барқарорсозии бронхи асосӣ ва табобати ҷарроҳии боэътимоди саратони ғадуди зери меъдаро ба роҳ монданд.

Табибони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ташхиси гистокимиёӣ, миомэктомияи консерватии бачадон ва усули нави табобати ҷарроҳии дошта натавонистани пешоб миёни занҳои қобили таваллудро роҳандозӣ намуданд.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978