18 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни ба истифодадиҳии нуқтаи ёрии таъҷилӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода сухан карда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.
Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки ҳифзи солимии аҳолӣ аз бахшҳои муҳими афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола барои рушди ин соҳа марҳила ба марҳила иншооти замонавии тиббӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар нуқтаи навтаъсиси ёрии таъҷилӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.
Деҳоти Сурх яке аз минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара маҳсуб ёфта, сохта ба истифода додани чунин нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар он муҳим ва саривақтӣ мебошад.