ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ба 400 нафар табибони ноҳияи Рашт 200000 сомонӣ маблағ кумак намуд

ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ба 400 нафар табибони ноҳияи Рашт 200000 сомонӣ маблағ кумак намуд
Май 15
16:20 2020

Даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кумак ба табибон ва беморон дар шароити пандемияи коронавирус, ки зимни паёмҳои шодбошии Сарвари давлат бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва ба муносибати 75-солагии Ғалаба бар фашизм баён гаштанд, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии самимӣ ба миён овард. 14 май   аз тарафи соҳибкори ватанӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони ӯ ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, ки имрӯзҳо барои табобати аҳолии ноҳия аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  хизмат намуда истодаанд, ба маблағи 500-сомонӣ ба ҳар  корманд кумаки молиявӣ расонид.

Муҳиб Бобоҷонов гуфт, ки  «ману фарзандонам ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем. Минбаъд низ дар амалӣ гардонидани ин сиёсати хайрхоҳона ва дар ин рӯзҳои мушкил мо ҳамеша саҳми худро мегузорем».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 корномаи ин соҳибкори ватандӯстро тавсиф намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Бобоҷонов Муҳиб — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд».

Бояд гуфт, ки Муҳиб Бобоҷонов аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки корномаи ӯ ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт ба дуриҳои дур расидааст.

Асфалтпӯш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 160 ҳазор доллар, кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 18 ҳазор доллар, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи  34 ҳазор доллар, бунёди канал дар масофаи 3 киллометр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ, пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 15 ҳазор доллар, хати оби нӯшокӣ тавасути қубури 50 дар масофаи 10 километр бо маблағи 35 ҳазор доллар, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат бо маблағи 106 ҳазор доллар, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 100 ҳазор доллар, асфалтпӯш намудани роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва дар роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 250 ҳазор доллар, инчунин асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш тайи чанд соли охир ба анҷом расондаанд.

ДАР АКС: Хизматҳои Муҳиб Бобоҷонов дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 680
  • 1,242
  • 949,700