Дар байни кӯдакони аз 7 то 11 сола чорабинии бекирмгардонӣ ҷараён дорад

Май 03
15:43 2023

Бо мақсади иҷрои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ( №207 аз 10.04.2023 ) ва (№437 аз 12.04.2023 ) “Оид ба фарогирӣ ва гузаронидани чорабинии бекирмгардонӣ” ҷиҳати паст намудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ дар байни наврасони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабинии бекирмгардонӣ дар байни кӯдакони аз 7 то 11 сола бо дорувории “Мебендазол” аз 1 май оғоз гардида, он то 5-уми майи соли равон идома меёбад.

Мувофиқи маълумотҳои омории пешниҳодшуда, шумораи кӯдаконе, ки ба ин чорабинӣ фаро гирифта мешаванд, 1 млн 203 ҳаз.226 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи фармоиши мазкур ба сардорони раёсатҳои дахлдори вазоратҳои номбурда супориш дода шудааст,ки ҳамоҳангӣ ва назорати самаранок гузаронидани чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

Бояд қайд кард,ки маводи дорувории “Мебендазол” аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор таъмин мегардад.

Тақсимоти маводи дорувории “Мебендазол” ба муассисаҳои профилактикии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии натиҷаи чорабинии мазкур ба зиммаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Тавре директори “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиббӣ, Холмирзо Давлатов ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳар  2 сол як маротиба дар байни гуруҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони Марказ дар 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад. Тибқи тадқиқотҳо ва маълумотҳои оморӣ паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фисадро ташкил медиҳад. Аз бемориҳои гелминтозӣ бештар: энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳад ва пешгирию табобат бо маводи дорувории “Мебендазол” дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад.

Сабабҳои асосии паҳншавӣ ва зиёдшавии гелминтозҳо дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон инҳо мебошанд: шароити номусоиди санитарию маишӣ (асосан дар деҳҷойҳо), норасогии оби ошомидании тоза, набудан ва кор накардани иншоотҳои обу коррезӣ, тозакунӣ ва истифода аз  порӯҳои безарар карда нашуда, дастрас набудан ва норасогии дорувориҳои зидди гелминтӣ  барои аҳолӣ аз сабаби нархи баланд (гаронарзиш) доштани онҳо, нокифоя  будани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии гелминтозҳо ва  аз тарафи онҳо  риоя накардани  меъёрҳои санитарию гигиенӣ, нигоҳдории сагу гурба дар ҳавлиҳои танг, хонаҳои баландошёна ва истеъмоли нодурусти гашнич, шибит ва дигар кабудиҳо бо ғизоҳо, паст будани сатҳи гузаронидани чорабиниҳои санитарию бойторӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ дар ҷойҳо ва суст будани ҳамоҳангӣ байни хадамотҳои дахлдор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои зиддигелминтозӣ.

Бояд гуфт, ки бештари гирифторони ин беморӣ барои гирифтани кӯмаки тиббӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд ва ин ҳодисаҳо дар ҳисоботҳои минтақавӣ дарҷ намегарданд. Илова бар ин, бештари беморон дар шароити дармонгоҳӣ табобат гирифта, дар бисёр ҳолат табобатро ба охир намерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 670
  • 1,242
  • 949,690