Дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд

Дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд
Октябр 25
12:16 2021

Аз 23 октябр то 2 ноябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии  Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд, иттилоъ доданд аз  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба АМИТ «Ховар».

Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак  намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.

Кӯдакону наврасони то 18-сола, ки  нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо  маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар   кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758