Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон шуъбаҳои нави ҷарроҳӣ ба истифода дода шуданд

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон шуъбаҳои нави ҷарроҳӣ ба истифода дода шуданд
Октябр 09
15:03 2019

Имрӯз, 9 октябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо ҳамроҳии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ёвонро ифтитоҳ намуданд. Дар беморхона шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва утоқи  ҷарроҳӣ ба истифода дода шуд.

Тавре Раиси вилояти Хатлон дар мулоқот бо табибон иброз намуд, «кормандони соҳаи тиб бояд ҳамеша ба савганди худ содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд».

«Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад. Итминон дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар хоҳанд кард»,- зикр намуд Қурбон Ҳакимзода.

Барои таъмиру тармими беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин ҳисоб бо харҷи 10,2 миллион сомонӣ шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва утоқи ҷарроҳӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Маблағи сохтмон 9,4 миллион сомонӣ ва таҷҳизот 805 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаҳои мазкур зиёда аз 50 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷра барои шахсони имтиёздор ва 65 кат ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин се синфхонаи барои таҷрибаомӯзон пешбинӣ гардида бо тахтаҳои электронӣ ва дигар ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Шуъбаҳо бо низоми марказонидашудаи гармидиҳӣ, системаи ҳушдордиҳанда аз сӯхтор ва камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳамчунин бинои нав дорои маҷлисгоҳест, ки барои 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру  навсозии муассисаҳои тиббӣ вусъат дода мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 915
  • 1,242
  • 949,935