Дар даври якуми чорабинии оммавӣ бар зидди бемории фалаҷ 1 285 099 нафар кӯдакони мамлакат ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд

Дар даври якуми чорабинии оммавӣ бар зидди бемории фалаҷ 1 285 099 нафар кӯдакони мамлакат ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд
Июл 05
16:56 2021

Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 6 сола ва нигоҳ доштани мавқеъи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2021, №181 «Дар бораи гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (аз 14 майи соли 2021, №397)  шурӯъ аз 31 майи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ даври якуми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ оғоз гардид, ки он то санаи 5 июн идома ёфт. Барои ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон, ба ҷумҳурӣ 4 630 000 вояи ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷ (нОПВ2), ки истеҳсолкунандааш давлати Индонезия «PT BioFarma (Persero)» мебошад, дастрас карда шуд.

Аз рӯи нақша, дар даври якуми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ кӯдакони синну соли таваллудашон аз 1 январи соли 2016 то 31 майи соли 2021 банақша гирифта шудаанд, ки ин шумораро 1 294 828 нафар кӯдакон ташкил доданд.

Ҳамин тавр, дар даври якуми чорабинии оммавӣ бар зидди бемории фалаҷ 1 285 099 нафар кӯдакон ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд, ки он 99,2%-ро ташкил медиҳад.

Барои бо муваффақият ташкил ва гузаронидани чорабинӣ то оғози маърака 7 634 нафар кормандони тиб ба омӯзишҳои зерин фаро гирифта шуданд: Бемории фалаҷ, ваксинаҳои зидди бемории фалаҷ, назорати эпидемиологӣ аз рӯи ҳодисаҳои фалаҷи шадиди суст, банақшагирии хурд, занҷири хунуки таъминкунанда, ташкил ва гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ. Бехатарии иммунизатсия, сафарбаркунии иҷтимоӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои буҳронӣ дар вақти гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ.

Барои амалигардонии чорабинӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3013 бригадаҳои иммунизатсионӣ фаъолият намуданд, ки аз онҳо 2166-то бригадаҳои доимӣ, 775-то муваққатӣ ва 72-тои он бригадаҳои мобилӣ мебошанд. Аъзоёни ин бригадаҳоро 2906 -табибон, 3013-ваксинаторҳо ва 3013- бақайдгирандаҳо ташкил  медиҳанд.

Ҳамчунин, тамоми муассисаҳои тиббие, ки барои гузаронидани иммунизатсия вобаста буданд, бо маводҳои зерин таъмин карда шуданд: ваксинаи нОПВ2,  халтаҳои пластикии маҳкамшаванда барои басту банди зарфҳои ваксинаҳо-75 000 дона, чакрарезҳо -92 600 дона, фломастерҳо барои нишонагузории халтаҳои пластикӣ –  6600 дона, шаклҳои ҳисоботӣ оид ба иммунизатсия ва ҳаракати ваксинаҳо -76 784 дона, дафтари назорати ваксинаҳои ОПВ- 3 300 дона ва дафтари қайди иммунизатсияи кӯдакон – 6000 дона. Бо мақсади дастрас будани маълумотҳои лозимӣ ва коргузорӣ дар рафти Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ 10 500 адад дастурамалҳо вобаста ба чорабинии оммавӣ чоп шуда, ба ҳар як бригадаҳои иммунизатсионӣ дастрас  карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ  ва даъват намудани онҳо барои иштироки фаъол дар ду давраи Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ (РИИ) бар зидди бемории фалаҷ, як қатор маводҳои иттилоотӣ коркард ва чоп шуда, барои истифодабарӣ дар рафти чорабинӣ ба тамоми муассисаҳои тиббии вобасташуда дастрас гардиданд, аз ҷумла 3 300 – адад банерҳо, 5 000-адад варақаҳои деворӣ оид ба бемории фалаҷ ва пешгирии он, 15 000 – адад варақаҳои иттилоотӣ барои кормандони соҳаи тиб, 20 000- адад варақаҳои иттилоотӣ барои намояндагони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо.

Инчунин, бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) видеоролик ва сабти овозӣ бахшида ба чорабинии оммавӣ зидди бемории фалаҷ  таҳия гардид, ки он аз санаи 30 май то 5 июн дар шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе ТВ”, “Сафина”, “Синамо”, “Варзиш”, “СМ1”, “Азия ТВ”, “Ҷавонӣ ТВ”, “Диёр ТВ”, “Мавҷи озод, ва радиоҳои “Ватан”, “Ҳамсадо”, “Диёр” ва “Азия плюс” пахш карда шуд.

Дар умум, даври якуми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, даври дуюми он аз 28 июн то 3 июли соли 2021  ҷараён гирифт. Дар даври дуюм кӯдакони синну соли таваллуди аз 1 январи соли 2016 то 30 июни соли 2021 ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд; кӯдаконе, ки аз 1 июл то анҷоми чорабинӣ таваллуд мешаванд, инчунин ба гурӯҳи мақсаднок дохил карда мешаванд.

Ду вояи ваксина зидди бемории фалаҷ ҳимояи пурраи кӯдаконро аз бемории фалаҷ таъмин мекунанд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 644
  • 1,242
  • 949,664