Дар деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бинои нави таваллудхона ба истифода дода шуд

Дар деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб  бинои нави таваллудхона ба истифода дода шуд
Ноябр 17
16:58 2022

 

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябри соли равон дар  деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бинои нави таваллудхонаи деҳоти мазкур ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки таваллудхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта  шудааст.

Таваллудхонаи мазкур аз 4 кат иборат буда, он бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.

Қайд гардид, ки ба истифода додани таваллудхонаи муосир туҳфаи хубе бахшида ба ду ҷашни муҳиму таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаи мазкур мебошад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни суханронӣ дар назди бинои таваллудхона сокинони ин деҳаро барои чунин руйдоди фараҳбахш табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар давоми солҳои охир чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода  мешаванд ва ин раванд идома дорад.

Дар навбати худ сокинони деҳоти Зидеҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ  изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 741
  • 1,242
  • 949,761