Дар доираи «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» оид ба мавзӯи занони бо ВНМО зиндагикунанда ҳамоиш доир гардид

Дар доираи «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» оид ба мавзӯи занони бо ВНМО зиндагикунанда ҳамоиш доир гардид
Ноябр 28
09:22 2020

 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» дар доираи «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» бо иштироки намояндагони марказҳои ёрирасон ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш атрофи мавзӯъҳои таҳаммулпазирӣ дар ҳолати муроҷиати занони бо ВНМО зиндагикунанда, вазъи эпидемиологӣ, мушкилоти ҳуқуқии занон ва тасвири равонии занони гирифтори ВНМО, бахусус дар давраи Ковид-19 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли  2017 Барномаи миллии мубориза  бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Дар он яке аз ҳадафҳои   стратегӣ- фароҳам овардани шароити  мусоид барои  муолиҷаи  нафарони гирифтори  Вируси норасоии масунияти одам ва мубориза бо табъиз, аз ҷумла ислоҳоти  ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 633
  • 1,242
  • 949,653