Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҷҳизоти безараркунандаи худкор ихтироъ карданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҷҳизоти безараркунандаи худкор ихтироъ карданд
Август 29
07:55 2020

Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷҳизоти безараркунандаи худкоре ихтироъ намуданд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва таъмини риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазур хабар  доданд.

Ихтирои мазкур аз ҷониби чор нафар устодони ҷавони факултет — Хушбахт Нуриллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов пешниҳод гардидааст. Ин таҷҳизот аллакай дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилооти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Таҷҳизот тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули  безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин намуда, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аҳамияти муфид дорад.

Дар назар аст, ки ин дастгоҳи безараргардонии худкор мукаммал гардонида шуда, минбаъд дар даромадгоҳҳои тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ насб гардад.

Таҷҳизоти мазкур нахустин ихтироъ дар донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки дар самти таъмини беҳдошти солимӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии коронавирус мавриди татбиқ ва истифода қарор гирифтааст.

Дар асоси дастуру супориши Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён тадбирҳои муҳим ва зарурӣ роҳандозӣ шуда, биноҳои таълимӣ бо ҳамшираи шафқат,  дастгоҳи ҳароратсанҷи электронӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, хлор, спирт, собун, ниқоби муҳофизатӣ ва дастпӯшак таъмин мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 294
  • 1,242
  • 949,314