Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор шуд

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор шуд
Апрел 27
12:37 2018

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Илми тиб: имкониятҳои нав» Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода,  президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султонмурод Бегмуродзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисотон Ҳабибулло Амирбекзода  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино М. Гулзода зимни суханронии худ зикр кард, ки ҷараёни тараққиёти илму техника ва пешравии ҷаҳони муосир аз мутахассиси соҳаи тибби имрӯза на танҳо дониши мукаммали назариявӣ ва малакаи касбӣ, балки савияи баланди маҳорати инноватсионӣ ва огоҳии мунтазамро аз дастовардҳои тиб тақозо менамояд.

Ҳамчунин М. Гулзода таъкид намуд, ки конференсияи имрӯза ҳамчун муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва баёнгари неруву иқтидори баланди олимони ҷавон ва муҳаққиқон маҳсуб ёфта, барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва дастгирии олимони ҷавон ва донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.

Дар  доираи конференсия Симпозиум таҳти унвони «Роҳҳои боздошти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби  ҷаҳони  муосир ба шумор меравад, баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар кори конференсия 40 нафар олимони ҷавон ва донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намуданд.

khovar.rj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 614
  • 1,242
  • 949,634