Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд
Апрел 10
11:21 2020

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултети технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд. Тарҳи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрҳои стандартӣ кашида шуда, бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани онҳо оғоз гардид. 

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000  кормандон ва донишҷӯёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд. Инчунин ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо низ ниқобҳои тиббӣ  пешниҳод  карда мешаванд.

Барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода бурда мешаванд. То имрӯз зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шудаанд.

Дар доираи  лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корхонаҳои КВД «Гулдастон» ва ҶСК «Суман» барои 15 нафар шогирдон дар бораи тарзи истеҳсоли ниқоби тиббӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 730
  • 1,242
  • 949,750