Дар Душанбе ҷараёни амалишавии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд

Дар Душанбе ҷараёни амалишавии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд
Август 01
18:28 2024

1 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак», ки дар иншооти ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзобод ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон идома доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ҳамзамон, дар ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳа баргузор шуд, ки ҳадафи он сохтмон ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод шудаанд,  мегузаранд.

Зимни ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, барои ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таклифҳо пешниҳод гардиданд. Инчунин аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиён ҳолати татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва хосса корҳои анҷомёфта дар шашмоҳаи аввали соли 2024 мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки амалисозии лоиҳа 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Он дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,423
  • 2,153
  • 988,005