Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” баргузор гардид

Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” баргузор гардид
Октябр 07
16:13 2021

Имрӯз, 7 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, намояндагони Академияи илмҳои тиббӣ-техникии Федератсияи Россия ва  мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Конференсияи мазкурро Ибодов Х., Президенти филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои тиббӣ-техникии Федератсияи Россия ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дод.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат аснои суханронии хеш иброз дошт, ки чорабинии мазкур дар замоне баргузор гардида истодааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо рушди муназзаму дастовардҳои беназир таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил доранд. Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” ҳам аз тадбирҳои андешидашуда ба муносибати ин ҷашни фархунда маҳсуб меёбад.

“Аз он, ки конференсияи мазкур дар арафаи 10-солагии таъсисёбии филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои тиббӣ-техникии Федератсияи Россия низ доир мегардад, ҳамаи шуморо ба муносибати ин санаи хушоянд табрик менамоям.

Хурсандибахш аст, ки филиали чунин як муассисаи бонуфӯзи илмии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон амал мекунад ва ҳамкории судманд байни олимону мутахассисони тоҷик ва рус дар самти рушди соҳаҳои тандурустӣ ба роҳ монда шудааст”,-иброз дошт номбурда.

Бояд гуфт, ки  конфронси имрӯза яке аз мавзӯъҳои актуалӣ, рӯзмара, ва хеле муҳим дар замони муосир ба ҳисоб рафта,  нақши тавонбахшии тиббӣ ва табобати барқароркунанда, хусусан дар давраи пандемияи  COVID-19 ва барқарорсозии оқибатҳои он муҳим арзёбӣ мегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккул додани ин самти тандурустии амалия, яъне тақвият бахшидани раванди офиятбахшии тиббӣ, ки дар низоми тандурустии муосир нақши басо муҳим  мебозад, солҳои охир чораҳои мушаххас андешида, дар Стратегияи нави рушди соҳаи тандурустӣ барои давраи то соли 2030 ба ин масъалаҳо аҳамияти махсус дода шудааст.  Яке аз чунни тадбирҳо-ин таъсис додани Маркази ҷумҳуриявии офиятбахшии бемориҳои дил дар вилояти Хатлон мебошад. Чунин марказҳои офиятбахшӣ дар вилояти Суғд низ роҳандозӣ гардида, дар назар аст, ки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ тадриҷан ба роҳ монда шаванд.

Ҳамзамон, дар конфронс  як қатор мутахассисони тоҷик ва намояндагони Академияи илмҳои тиббӣ-техникии Федератсияи Россия баромад намуда, доир ба самтҳои гуногуни мавзӯи конфронс маълумот пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732