Дар Душанбе конфронси минтақавии “Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ” ба кори худ оғоз намуд.

Дар Душанбе конфронси минтақавии “Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ” ба кори худ оғоз намуд.
Май 17
12:05 2018

Субҳи имрӯз дар толори мачлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси минтақавӣ зери унвони “Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ” ба кори худ оғоз намуд.

Баргузории конфронси минтақавӣ бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, он нахустин анҷумани асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конфронси мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, дар рафти кори он, кормандон ва сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, Сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, инчунин мехмонон аз хориҷи кишвар бахусус, Федератсия Россия, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа иштирок намуданд.

Дар рафти конфронси мазкур Саида Умарзода вобаста ба  мушкилот ва дастовардҳои соҳаи асадшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баромад намуда, дар охири суханронӣ ба иштирокчиён дар кори конфронс бурдбориҳо таманно намуд.

Дар кори чорабинӣ мутахассисон ва профессорони ватаниву хориҷӣ таҳти мавзӯоти “Инноватсяи ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ”, “Имкониятҳои муосири нейромодулятсия хангоми вайроншавии ҳаракат”, “Дарди сар ҳангоми шиддатнокӣ”, “Иллати рагии мағзи сар; манбаъ барои микросиркулятсия”, “Гиперкинезҳои дистоноккӣ; усулҳои муосири табобат” ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба соҳа маърӯза намуданд.

Айниз амон кори конфронси минтақавӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор дошта, мувофиқи дурнамо шоми 18 май хотима хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 581
  • 1,242
  • 949,601