Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд

Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд
Апрел 16
16:31 2021

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбарият ва намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд.

Вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори Хадамот Идибек Қадамов,  директори Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Сардор Кариев, мушовири Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Алимов, намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолии фармасевтии ватанӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти равнақи самтҳои мухталифи соҳаи фармасевтӣ: инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо дар кишварҳо баррасӣ шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 1,242
  • 949,747