Дар Душанбе таҳти унвони “Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюбиятдошта дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз COVID-19” конфронс баргузор гардид

Дар Душанбе таҳти унвони “Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюбиятдошта дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз  COVID-19”   конфронс баргузор гардид
Декабр 03
09:49 2021

Бахшида ба 3 декабр- Рӯзи байналмилалии маъюбон имрӯз  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюбиятдошта дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз  COVID-19”  ва дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон конфронс баргузор гардид, ки дар он Зафар Сафарализода, сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноглу, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон,  Пратибха Мехта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идора, кумитаҳо, роҳбарони ташкилот ва иттиҳодияҳои маъюбон иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, ин бори дигар баррасӣ ва муайян намудани рафти амалишавии Нақшаи миллии амалҳо буда, инчунин, таваҷҷуҳи аҳоли ҷомеа ва сохторҳои давлатиро ба баррасии вазъи маъюбон ҷалб намудан мебошад.

Қобили зикр аст, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ва “Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” ба тасвиб расидаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 683
  • 1,242
  • 949,703