Дар мамлакат Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 сола идома дорад

Дар мамлакат Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 сола идома дорад
Ноябр 21
13:30 2023

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 20 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни  кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 сола, яъне кӯдаконе аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд,  оғоз гардида,  маъракаи мазкур то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи мазкур шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст ва ин чорабинӣ айни ҳол бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ баҳисоб меравад. Сирояти пневмококкӣ боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, аз қабили отити гуши миёна, синусит ва бронхит мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5 – сола аз бемориҳои пневмококкӣ, алалхусус кӯдакони синнашон то 2 солаи давлатҳои рӯ ба тариқидошта мефавтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти воридкунии ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро ҳамчун афзалияти калидӣ дар коҳиш додани сатҳи бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони мақсадноки кишвар шуморида, иммунизатсияи онро дар Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ намуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишварро даъват мекунад, ки дар давраи Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ кӯдакони  синну соли аз 15 моҳа то 5 солаи худро (яъне кӯдаконе, ки аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд) ба муассисаи тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.

Бо саривақт гузаронидани иммунизатсия Шумо кӯдакатонро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоед. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия Шумо саломатӣ ва ҳаёти кӯдакатонро зери  хатар мегузоред!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 36
  • 463
  • 1,242
  • 949,483