Дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемории дил дар Муъминобод 1439 нафар ба ташхису табобат фаро гирифта шуданд

Дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемории дил дар Муъминобод 1439 нафар ба ташхису табобат фаро гирифта шуданд
Октябр 31
10:06 2022

. Дар 9 моҳи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемории дил» дар ноҳияи Муъминобод 1439 нафар ба ташхису табобат фаро гирифта шудаанд. Шумораи беморони бистаришуда нишон медиҳад, ки аксари беморон аз 35 то 55-сола мебошанд. Муассиса бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин буда, зиёда аз 45 нафар табиб ба беморон хизмат мерасонанд, ки аксари онҳо маълумоти олии тиббӣ доранд.

Муовини сардухтур Сабзаалӣ Бозоров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин муассиса бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ, дарди буғумҳо ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Дар беморхона беморон аз вилояти Суғд, Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ховалинг, шаҳри Леваканд ва дигар ноҳияҳои дурдаст мувофиқи муроҷиаташон бистарӣ карда шуда, табобат мегиранд.

Муассисаи мазкур ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳамаҷониба омода буда, дорои зиёда аз 100 адад печҳои буғӣ ва барқӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» дар ноҳияи Муъминобод соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он аз соли 2020 шурӯъ гардида, то имрӯз беш 2500 нафар шаҳрвандон саломатии хешро дар ин муассиса барқарор кардаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 738
  • 1,242
  • 949,758