Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории мазкур ҳамрӯза бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати онлайнӣ баргузор мегардад.
Бо ин мақсад субҳи имрӯз, 10 августи соли равон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддини Ализода машварати онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур, назорати беморони амбулаторӣ, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.