Дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Феврал 03
12:33 2020

301 нафар шахсоне, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди он ки дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ошкор шудааст, иттилоъ медиҳад, ки дар миёни онҳо сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки шахсони аз кишвари Чин ба Тоҷикистон воридшуда танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар мамлакат дар беморхонаҳои сироятӣ нигоҳдори мешаванд.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки то кунун сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо чораҳои пешгирии ин вирус роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат корҳои назоратиро пурзӯр намуда, корҳои омодагӣ ва пешгирикунанда дар ин самт идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 544
  • 1,242
  • 949,564