Масъалаҳои амалишавии марказҳои дастгирии оила ва кӯдак аз рӯи Низомномаи нав баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои амалишавии марказҳои дастгирии оила ва кӯдак аз рӯи Низомномаи нав баррасӣ гардиданд
Ноябр 18
15:27 2020

18 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои “Татбиқи фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак (хонаи кӯдакон) мутобиқи Низомномаи нав” мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, директорони марказҳои дастгирии оила ва кӯдак, намояндагони раёсатҳои молияи  шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои  афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта,  ба соҳа аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон  шароит ва имконоти мусоид муҳайё гардида, ҳамасола дар кишвар даҳҳо муассисаҳои тандурустии кӯдакона, марказҳои солимгардонӣ ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Инчунин, вобаста ба раванди табдилҳидии хонаҳои кӯдакони соҳаи тандурустӣ ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Хоҷаева баромад намуд.

Номбурда  иброз дошт, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” таҳия гардида, он соли 2018 ба тасвиб расид, ки табдилдиҳии хонаҳои кӯдакони амалкунандаро ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак ҳамчун алтернатива ба шаклҳои нигоҳубин дар муассисаҳои будубоши доимӣ ифода менамояд.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён низ доир ба масъалаҳои табдилдиҳии хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 642
  • 1,242
  • 949,662