Дар назди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» гузаргоҳи нав ба истифода дода шуд

Дар назди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» гузаргоҳи нав ба истифода дода шуд
Май 16
12:36 2019

 15-уми май дар назди Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе гузаргоҳи пиёдагарди инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ба истифодадиҳии гузаргоҳи пиёдагарди нав сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филлпот, намояндагони  ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ташкилоти Насли ҷавони Тоҷикистон ва ғ иштирок доштанд.

Баъди муаррифии гузаргоҳи нав дар толори Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои сохтмону азнавсозии гузаргоҳҳои пиёдагард дар раванди таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Наргисой Тӯйчиева, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  дар мизи мудаввар баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки тавассути бунёду барқарорсозии гузаргоҳҳо миқдори садамаҳои нақлиёти нисбат ба соли гузашта 18 ҳодиса кам, фавт дар натиҷаи садама 38 адад кам ва маҷрӯҳӣ 40 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар нишасти мазкур вобаста ба масъалаҳои пиёдагардӣ ва тартиби муайянсозии гузаргоҳҳо, паёмадҳои тиббии садамаҳои нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбута роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Марта Эверард,  роҳбари идораи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, директори ташкилоти ҷамъиятии Насли ҷавони Тоҷикистон Наимҷон Мирзораҳматов маърӯза намуда, аз натиҷаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аз гузаргоҳи нави назди Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҳамарӯза наздики 4000 нафар убур карда, бехавф ба манзили мурод мерасанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 906
  • 1,242
  • 949,926