Дар ноҳияи Балҷувон хизматрасонии Кумаки аввалини тиббию санитарӣ беҳтар мешавад

Дар ноҳияи Балҷувон хизматрасонии Кумаки аввалини тиббию санитарӣ беҳтар мешавад
Май 28
09:28 2022

Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон ва деҳоти дурдасти он иншооти тандурустӣ ба истифода дода шуданд, ки имрӯзҳо ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Тавре роҳбари Кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Балҷувон Илҳомҷон Пиров ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ дод, «дастрасӣ ба техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҳоло фаъолияти кормандони соҳаи тибро осон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро бамаротиб беҳтар намудааст. Ҳоло кулли сокинони ноҳия аз хизматрасонии тиббӣ бархурдор мебошанд. Сокинони деҳаҳои дурдаст барои ин ғамхорӣ ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табибон изҳори миннатдорӣ менамоянд, зеро имрӯз дар маҳалли зисташон ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифта шудаанд».

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳоло дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул ва амалӣ мегарданд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмону навсозӣ ва таъмири беш аз 10 иншооти дигари тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имсол як қисми онҳо ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760