Дар ноҳияи Рӯдакӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО ба кор шурӯъ намуд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО ба кор шурӯъ намуд
Июн 28
12:03 2018

Дар Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»  ва баҳри  пешгирию муқовимат бо ВНМО  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони ташкилоту муассисаҳо, рӯҳониён ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок карданд.

Тибқи иттилои сардори Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев, дар ҷаласа аъзои шӯро вазифадор гардиданд, ки охири ҳар ҳафта аз фаъолияти таблиғотии худ барои пешгирии бемории СПИД дар байни аҳолӣ ба ҳукумати ноҳия гузориш пешниҳод намоянд.

Ба иттилои мавсуф, дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳия,  дар самти пешгирии ин беморӣ корҳои зиёд анҷом ёфта, барои коҳиш додани сарбории эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии он, инчунин  дарёфту муайянсозии он дар ноҳия  заминаи мусоид фароҳам гардидааст. Ҳамзамон мутахассисон ба сироятёфтагони  ВНМО кумакҳои палиативӣ расонида, ба онҳо  табобатҳои махсус пешниҳод мекунанд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, шумораи умумии сироятёфтагони  ВНМО дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳи соли равон 727 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 156 нафараш кӯдакон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 165 нафари сироятёфтагон   фавтидаанд.

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740