ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд бардошта мешавад (АКС)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд бардошта мешавад  (АКС)
Декабр 27
11:33 2019

Субҳи имрӯз, 27-уми декабри соли равон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар  Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ   дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустӣ ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон як руйдоди муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандони кишвар арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки чун анъана Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш низ ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла гуфтанд: “ Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем”.

Дар Паём ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дод, ки масъалаҳои мазкурро зери назорати қатъӣ бигиранд ва ҷиҳати иҷрои онҳо нақша-чорабиниҳои хешро таҳия намуда, аз рафти амалӣ гардидани онҳо  ба вазорат маълумот пешиниҳод намоянд.

Қайд гардид, ки ба давраи бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳа зери назорати роҳбарияти вазорат қарор дорад ва пайваста онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз давраи бозомӯзӣ гузаронида мешавад.

Дар идомаи ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар Паёми навбатии хеш низ Сарвари давлат ба ин табақаи ҷомеа диққати махсус зоҳир намуданд.

Қайд гардид, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ имрӯзҳо занон дар зинаҳои гуногун фаъолият намуда, дар баробари мардон дар пешбурди соҳа саҳми намоён гузошта истодаанд.

Дар ҷаласа ҳамзамон дигар масъала ва нуқтаҳои муҳими Паём мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 695
  • 1,242
  • 949,715