Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД  баргузор гардид
Апрел 16
11:09 2021

Имрӯз, 16 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД  баргузор гардид, ки дар он Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Брюн Евгений Алексеевич, Президенти Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии “Маркази илмӣ-амалии наркологияи шӯъбаи тандурустии ш. Москва”, профессор, доктори илмҳои тиб, Сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Федератсияи Россия, раиси ҷаласаи ҳамоҳангсозии наркологҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Шевцова Юлия Бронюсовна, мутахассиси пешбари илмии Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии “Маркази илмӣ-амалии наркологии шӯъбаи тандурустии ш.Москва”, Меплихов Михаил Геннадиевич, котиби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Негай Николай Анатолеевич, Директори генералии Муассисаи давлатии давлатии ҷумҳуриявӣ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии солимии руҳии Ҷумҳурии Қазоқистон, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Вазорати тандурустии Қазоқистон, Жанерке Омарова, корманди Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Раёсати  Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази  ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи профессор М.Г.Ғуломов»  иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода чорабиниро ифтитоҳ ва меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади ҷаласаи мазкур ибрози андеша намуд.

Дар навбати худ меҳмонон ба ҷониби Тоҷикистон барои шароити мусоид фароҳам овардан дар самти баргузории чунин  як чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вазъи вобаста ба истеъмоли ғайритиббии маводи нашъадор дар кишварҳои узви СААД, мушкилоти пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд, ҳамоҳангсозии ҳамкории мутақобила ва ташкил намудани ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба назорати маводи нашъадор  ва ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа мубодилаи таҷриба ва усулҳои пешгирии истеъмоли моддаҳои рӯҳтаъсир ва пешгирии ноҷӯриҳои вобаста ба маводи нашъадор доир гардида, се самти асосии ташкил намудани чорабиниҳои пешгирикунанда ба қисмҳо ҷудо карда шуданд.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи Стратегияи зиддинашъамандии  кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 муҳокима гардид.

Бояд гуфт, ки қаблан меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ», Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов” ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи ҳамоҳангсозии Сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД соли 2013 бо Қарори Кумитаи котиботи шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  таъсис ёфтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 716
  • 1,242
  • 949,736