Давоми шаш моҳи соли 2020 дар иншоотҳои зериназоратӣ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 6943 санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 2880 нафар (соли 2019 ба 6810 нафар) протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба маблағи умумии 681879 (соли 2019 ба маблағи 990890) сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Инчунин, фаъолияти 1343 иншоотҳо (соли 2019 – 938 иншоот) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шуда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 190 (соли 2019 – 249) мавод ирсол гардидааст. Аз ҷумла 65 (соли 2019, 73) парванда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ пешниҳод шудааст.
Аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 7756 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, аз ҷумла 6626 адад барои фаъолият ва 1008 адад маҳсулотҳои воридотӣ, 122-адад маҳсулотҳои содиротӣ буда, маблағи умумии онҳо 1,1 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шуд.
(Акс аз бойгонӣ)