Дар соли 2017 наздики 4 ҳазор номгуй дорувории пастсифат аз муомилот бардошта шуд

Декабр 29
09:52 2017

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва Раёсату намояндагиҳои ин ниҳод дар саросари кишвар таи соли 2017-ум дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда бо мақсади пешгирӣ ва аз муомилот берун кардани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузашта  аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 3771 номгуй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 48295 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо  1680 номгуй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 13912 адад, 2091 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 34383 ададро ташкил мекунад.

Ба иттилои дастрас дар ин давра аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад 1218 номгуй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 29631 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз ин  726 номгуй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 10449 адад,  492 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори  19182 адад,  дар асоси санади гирифт аз муомилот гирифта шуданд.

Дар соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуктаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ 664 номгуй маводҳои ороишию гигиенӣ муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 60366 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шуданд.

Дар соли 2017-ум аз тарафи Хадамот, Раёсату намояндагиҳои ин ниҳод  62769 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, ки аз ин  27832 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шуда, боқимонда 34937 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ  аз тарафи Хадамот, Раёсату намояндагиҳои он 17153кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат, бо роҳи сузонидан несту нобуд карда шудаанд, ки аз ин  2840 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи бо санад гирифта шуда, боқимонда 14313 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи мӯҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи соҳибкорон ва дигар ширкатҳо ба Хадамот супорида шудаанд.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва Раёсату намояндагиҳои ин ниҳод дар саросари кишвар дар самти назорати қатъии муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ баҳри ба муомилот гузоштани дорувориҳои хушсифат ва ба талабот ҷавобгуй фаъолияти густардаеро ба роҳ монда, кор дар ин самт идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 716
  • 1,242
  • 949,736