Дар Суғд 98,5 дарсади кӯдакон иммунизатсия карда шуданд

Июн 06
10:32 2017

Дар Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон, ки аз 15 то 26 май гузаронда шуд, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 511 ҳазору 435 нафар кӯдакони аз 1 то 9 — сола иммунизатсия карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Дар вилоят аз ҳисоби табибон, ваксинаторон ва бақайдгирандагон 416 бригадаи иммунизатсиякунанда фаъолият дошта, рӯихати иммунизатсияшавандагон аз 519 ҳазору 325 нафар мураттаб гардид.   Тақсимоти маводи иммунизатсия, аз ҷумла, ваксина, сӯзандору ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ, фармоиш, нақшаи чорабинӣ, дастурамалҳо ба шаҳру навоҳии вилоят то оғози чорабинӣ анҷом дода шуда буд.

Маврид ба таъкид аст, ки  бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 2 ҳафтаи иловагӣ барои давом додани «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ» муайян карда шуд. Кӯдаконе, ки аз сабаби беморӣ ё дигар омилҳо иммунизатсия нашудаанд, дар ин муддат иммунизатсия  карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732