Дар Таиланд табибон маҷмӯи дорувориҳоро барои табобати коронавирус омода намуданд

Дар Таиланд табибон маҷмӯи дорувориҳоро барои табобати коронавирус омода намуданд
Феврал 03
12:25 2020

Маҷмӯи дорувориҳои  зидди ВНМО ва зуком  дар табобати  бемории коронавируси 2019-nCoV дар Таиланд манфиатбахш буд, навиштааст рӯзномаи «South China Morning Post»  бо истинод ба  Вазорати тандурустии Тиаиланд.

Зани бемори 71-сола, шаҳрванди Чин, бо нишонаҳои бемории шадиди илтиҳоби шуш ба беморхонаи  Рачавитии  Бангкок  қабул шуд. Барои табобат духтурон доруи зидди зуком «Оселтамивир»-ро, ки бо он бемориҳои роҳи нафасро  дар Шарқи Наздик  (MERS),  табобат мекарданд ва ҳамчунин дору бар зидди ВНМО  «Лопинавир/ Ритонавир»-ро  истифода намуданд. Баъди 48 соати ворид намудани дору санҷиши лабораторӣ  натиҷаи манфӣ нишон дод.

Акнун Вазорати тандурустии Таиланд  барои тасдиқ намудани маълумот натиҷаҳои  иловагии таҳқиқотро интизор аст.  Шумораи умумии гирифторони сирояти коронавирус дар ин шоҳигарӣ 19 нафар буда, беморони шифоёфта 8 нафарро ташкил медиҳанд. 382 нафари дигар бо гумони доштани ин беморӣ таҳти назорати  духтурон қарор доранд.

31 декабр  ҳукуматдорони Чин  ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар бораи хурӯҷи  бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар Ухан, воқеъ дар   қисми маркази ин кишвар маълумот доданд.  Коршиносон ангезандаи ин маризиро муайян намуданд, ки он вируси 2019-nCoV  мебошад.  ТУТ   авҷ гирифтани бемории мазкурро  чун  ҳолати  фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф  намудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 628
  • 1,242
  • 949,648