ДАР ТАЪМИНИ ГАРМӢ АЗ АНГИШТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Дар муассисаҳои иҷтимоии Муъминобод ин сӯзишвориро ба миқдори зарурӣ захира намуданд

ДАР ТАЪМИНИ ГАРМӢ АЗ АНГИШТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Дар муассисаҳои иҷтимоии Муъминобод ин сӯзишвориро ба миқдори зарурӣ захира намуданд
Декабр 17
13:02 2020

Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Муъминобод  барои муътадил гузаронидани  фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омодагии хуб дидаанд. Дар анбори беморхонаҳо ангишту ҳезум ва маводи хӯрокворӣ ба қадри кофӣ захира карда шуда, бо истифода аз он биноҳо гарм карда мешаванд.

Тавре сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарифов   ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Сулаймони Хол баён дошт, дар ноҳия  21 маркази саломатӣ ва 32 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд, ки барои онҳо 3 тонна ангишт ва 200 куб ҳезум харидорӣ шудааст.

Дар ноҳияи Муъминобод, ки иқлимаш нисбат ба ноҳияҳои водӣ сард ва зимистонаш тӯлонист, барои гузаронидани фасли сармо ҷиддӣ омодагӣ мегиранд. Хусусан дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз фасли тобистон ба захира намудани маводи сӯхт шурӯъ намуда, мекӯшанд аз нақшаи муайяншуда зиёд ангишту ҳезум захира намоянд.

Ба гуфтаи  мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод имсол барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зиёда аз нақша ангишту ҳезум дастрас карда шуд.

Як қисми муассисаҳои таълимӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд, вобаста ба талаботи имрӯза маркази мустақими гармидиҳӣ доранд. Аз ин рӯ дар ин муассисаҳо хароҷот камтар буда, дар биноҳои таълимӣ ҳарорати гармӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Соли 2020 зимни сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Муъминобод Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло ин марказ ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонад. Марказ бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, дар он ба қадри кофӣ ангишту ҳезум захира шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 694
  • 1,242
  • 949,714