Дар Тоҷикистон барои ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ гардонидан, бо кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барнома таҳия мешавад

Дар Тоҷикистон барои ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ  гардонидан, бо кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барнома таҳия мешавад
Март 02
16:37 2022

2 марти соли  равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда” баргузор гардид, ки дар он муовини вазир, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, мақсад аз ҷамъ омадани ҳайати гурӯҳи корӣ – ин амалӣ гардонидани зербанди 4 банди 51 –и Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, ҷиҳати саривақт таҳия намудани лоиҳаи Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда мебошад.

Қайд карда шуд, ки лоиҳаи  барномаи мазкур аз 7 боб иборат буда, ҳадаф аз қабули он-ин пеш аз ҳама дастгирии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргашта мебошад.

Иштирокчиён бобати такмили бобҳои барнома мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки дар муддати муқараргардида сохторҳои дахлдор ҷиҳати такмили барнома дархосту пешниҳоди худро ба вазорат пешниҳод намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640