Дар Вазорати фарҳанг ба пешгирии коронавирус аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд

Дар Вазорати фарҳанг ба пешгирии коронавирус аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд
Апрел 03
09:17 2020

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтор ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа дар радифи масъалаҳои корӣ ба чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19, ки барангезандаи онро коронавирус ном мебаранд, аҳамияти махсус дода шуд.

Зикр кардид, ки ҳар як шӯъба ва муассисаҳои зерсохтор бояд барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва баланд бардоштани фарҳанги беҳдоштӣ (гигиенӣ)-и мардум ва дар баробари ин роҳ надодан ба воҳимаву хабарҳои бардурӯғ чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин қабл аз ҳама ба огоҳонидани мардум бояд диққати ҷиддӣ дод, зеро агар аҳолӣ маълумоти асоснок дошта бошад, ба ҳар гуна овозаҳо бовар нахоҳад кард. Донистани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки қоидаҳои муҳимтарини пешгирии сироят мебошанд, пеши роҳи паҳншавии бемориро мегирад.

Ба муассисаҳои зерсохтор супориш дода шуд, ки назорати риояи қоидаҳои тамизгардонӣ ва безараргардонии бино ва коргоҳҳоро тақвият бахшида, бо кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Боиси зикр аст, ки тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз коронавирус дар зиёда аз 200 кишвари дунё ба қайд гирифта шуда, гирифторони беморӣ зиёда аз 900 000 нафарро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин аҳолӣ бояд оид ба аломатҳои асосӣ ва қоидаҳои пешгирӣ маълумот дошта бошанд.

Аломатҳои асосии беморӣ ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушк ва нафаскашии душвор ҳисобида мешавад.

Барои пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама тоза нигоҳ доштани дастон зарур аст. Дастонро зуд-зуд бо собун бо риояи тарзи дурусти дастшӯӣ шустан ё бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кардан зарур аст. Инчунин аз шахси нишонаҳои беморӣ дошта дар масофаи 1,5 метр дур истодан лозим мебошад. Мутахассисон инчунин мегӯянд, ки бо дастони чиркин ба чашму бинӣ ва даҳон набояд расем. Ба шахсони нишонаҳои бемории зуком дошта, инчунин ба нафароне, ки чунин беморонро нигоҳубин мекунанд, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ тавсия дода мешавад. Истифодаи такрории ниқобҳои яккарата манъ аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732