Дар вилояти Хатлон 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд

Дар вилояти Хатлон 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд
Феврал 06
13:06 2022

Дар вилояти Хатлон то оғози моҳи феврал 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд, ки қисмати зиёди онҳо кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

То охири  моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 665 ҳазору 30 нафар, яъне 81,4 дарсади сокинони аз 18-сола болои вилоят ба эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то ин давра 1 миллиону 369 ҳазору 776 нафар гирифтаанд, ки ин 67 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Аз ин рӯ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи пурра бо эмкунии сеюм фаро гирифтани аҳолӣ  тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 710
  • 1,242
  • 949,730