Даргузашти Раҳмонов Раҳматулло Азизович

Даргузашти Раҳмонов Раҳматулло Азизович
Июл 11
15:03 2018

Субҳи 11-уми июл Раҳматулло Раҳмонов, ноиби президенти Академияи илмҳои тиб ва мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бар асари сактаи қалбӣ аз дунё даргузашт.

  Раҳмонов Раҳматулло Азизович 28 –уми марти соли 1963 дар шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли  1987 факултаи табобатии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли  1987 дар шуъбаи бемориҳои асаби  Беморхонаи Ҷумҳуривии клиники №3 ҳамчундухтур-интернат кор кардааст. Аз соли 1988 то соли 1993 ҳамчун духтури бемориҳои асаб дар беморхонаи Вилоятии шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон муаллими колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар соли 1990 ба шаҳри Томск ба Донишкадаи илмиву-тадқиқотии ирсии Академияи илмҳои тибби Русия ҳамчун унвонҷӯй дохил шуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб дар риштаи асабшиносӣ ва баъдан бо талоши дарёфти зинаҳои баланди илмӣ ба гирифтани унвонҳои доктори илмҳои тиб ва професор шарафёб шуд. Аз соли 2007 то инҷониб шодравон Раҳмонов Раҳматулло Азизович сарварии кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба дӯш дошт.

Дар давоми умри сипаригашта марҳум Раҳматулло Азизович худро ҳамчун мутахассиси кордону пуртаҷриба нишон дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кориаш кӯшиши фаровон намуда буд. Ин буд, ки шодравон бо унвонҳои «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон »ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Раҳмонов Раҳматулло Азизович дар баробари мутахассиси баландпоя ва соҳибмартаба буданаш шахси ҳалиму хоксор ва меҳрубону самимӣ низ буд. Дар кадом кору мансабе, ки ифои вазифа намуда бошад, маҳбуби дилу дида ва ифтихору сарбаландии ҳамкасбон гаштааст.
Хабари марги нобаҳангоми Раҳмонов Раҳматулло Азизович боиси андӯҳи кулли кормандони соҳаи тибби кишвар ва берун аз он гашта,  ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият баён менамоянд.

Номи нек ва осори ватандӯстонаву хизматкоронаи Раҳмонов Раҳматулло Азизович дар хотираи кормандони соҳаи тиб то абад боқӣ хоҳад монд.

Руҳат шод ва манзили охиратат обод бод!

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ чун хомӯш гардад доғи маҳфил мешавад!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 641
  • 1,242
  • 949,661