Дармонгоҳи замонавии стоматологӣ

Дармонгоҳи замонавии стоматологӣ
Июн 17
13:24 2020

Боиси  саодатмандист, ки  бобати таъмини  шароити арзандаи кору зиндагӣ ба сокинони кишвар ва расидан  ба сатҳи нави рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббус  ва ибтикороти  наҷиби Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон силсилаиқдомҳои  судманд  рӯи  кор гирифта шуда, мардуми шарафманди  кишвари азизамон баҳри  истиқболи сазовори  30- солагии Истиклолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои  ҳамешагиро равона намуда истодаанд.

Солҳои охир соҳаи стоматология дар вилояти Суғд хеле рушд намуда, усулҳои нави табобат ва дандонгузорӣ  дар мамлакат ба меъёрҳои ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ шуда истодааст.

Маркази стоматологии вилояти Суғд бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,  инчунин,  Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо тамоми  таҷҳизоти муосир  муҷаҳҳаз  гардида хизматрасонии дар сатҳи баланд  ба роҳ  монда  шудааст.

Баҳри  беҳбуди анҷом  додани фаъолияти шуъбаҳо таъмири кулли  роҳравҳо,  ҳуҷраҳои  кори  қабули  беморон   гузаронида шуд.

Барои  баланд бардоштани малакаи дониш   ва пешравии соҳавии табибон конфронсҳо,  ҷаласаҳо (ассосиатсия) ва такмили ихтисос оиди  масъалаҳои мубрам дар  соҳаи стоматология ташкил карда шудаанд.

Мутахассисони Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд тамоми намуди  муолиҷа, ҷарроҳиҳои амбулатори ва гузоштани ҳама намуди дандонгузориро дар  сатҳи баланд  анҷом дода метавонанд.

Корбарии  ҳамаи мутахассисони соҳаи стоматологияи дармонгоҳ аз рӯи фармонҳои доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ  ба монанди Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600  аз санаи 02.12.2008 “Тартиби хизматрасонии тиббию  санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти”, қарори  №1119  санаи 27.12.2014 “Дар  бораи  пурзӯр  намудани  чораҳо оид ба  пешгирии сирояти дохили беморхонагӣ дар  муассисаҳои  тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  қарори №1006  санаи  26.11.2014  Вазорати  тандурустии ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи дар амалияи муассисаҳои  стоматологӣ  ворид  намудани истифодаи тестҳои фаври оид ба муайян намудани  вируси гепатитҳои “В”, “С” ва ВНМО ”, фармоиши №840 санаи 03.10.2015  Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  тасдиқ намудани шаклҳои ҳуҷҷатҳои  аввалияи тиббии  муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фармоиши  №25 Вазорати  тандурустии ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 15.01.2020с  «Оид ба номгӯи ҳатмии маводи  доруворӣ ва маҳсулоти таъиноташон тиббии бордони ёрии фаврӣ дар   муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ»,  қарори  № 16/54 аз санаи 16.07.2014  “Протоколҳои клиники ташхис ва табобати  бемориҳои стоматологи  дар шароити дармонгоҳ”ва  дастурамали клиникӣ  – протоколи клиникӣ.

Муроҷиаткунандагон, яъне бемороне, ки барои табобати дандон  муроҷиат менамоянд аз  нуқтаи  бақайдгирӣ гузашта ташхисҳо ба бемориҳои сироятӣ – барангезандагони гепатитҳои «В», «С»  ва ВНМО  ба таври тести –фаврӣ (оҷилӣ)  муайян карда,  баъд ба ҳуҷраи муолиҷавӣ ё ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ    равона карда шуда,  ҳангоми кабули беморон лавозимотҳо бо  яккарата истифода бурда, дар муолиҷа  маводҳои ҳозиразамон (хамираҳо ва  штифтҳо) кор фармуда мешаванд.

Барои    пешгирии бемориҳои сирояти ба монанди гепатитҳо ва ВНМО  ҳуҷраи таъмизгардонӣ фаъолият мебарад, лавозимотҳои бисёркарата бо кравпакетҳо печонида шуда ба ҳуҷраҳо бо нишондоди таъмизшуда  (индикатор) дастрас карда мешаванд.

Маводҳо  ва  дорувориҳои дорои  сертификатсиядошта  истифода  бурда мешавад.

Тибқи  стандартҳои  байналмиллалӣ маводҳои безараргардони ба монанди “Септодентӣ”  ва  “Беладез”  ба роҳ  монда шудаанд.

Ба  беморони муроҷат кунанда  барои  пешгирӣ  ва  муолиҷаи  ҳамагуна намудҳои   гиёҳҳои  шифобахши  кишварамон  истифода  бурда  ва тавсия дода мешаванд.

Вобаста бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии маъюбони гурӯҳи 1,2  тибқи қарори №600 имтиёзҳо муайян карда шуда  муолиҷа карда мешаванд.

Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд нақша дорад, ки дар солҳои наздик баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон автоклави нав, печи металокерамикӣ, таҷҳҳизоти рехтагарӣ дастрас намуда, ҳамзамон, ҳуҷраи гузоштани дандон ба таври имплантатсияро намуда, ҷиҳати коҳиш додани бемориҳои дандон, милки дандон ва луобпардаҳои ковокии даҳон  дар миёни мардуми вилоят саҳми назарраси хешро гузорад.

Сартабиби Дармонгоҳи стоматологии

вилояти Суғд Саидов Илҳом,

Муовини сартабиб оид ба корҳои

ташкилию –дастурдиҳии дармонгоҳи мазкур

Сангинов А.М.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 908
  • 1,242
  • 949,928