Дарсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ройгон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо СOVID-19

Дарсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ройгон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо СOVID-19
Июн 17
16:36 2020

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии «Кори ҳамширагӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси СOVID-19 ба шаҳрвандони мамлакат дарсҳои кӯтоҳмудати омӯзишии ройгонро ба роҳ мондааст.

Минбаъд  шаҳрвандон метавонанд дар рӯзҳои кории ҳафта  аз соати 09:00 то 18:00 ба марказ муроҷиат намуда, доир ба бемории СOVID-19, сабабҳои паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот бигиранд ва ё бо рақами 235 72 62 дар тамос бошанд. Мутахассисоне, ки дар марказ ба шаҳрвандон дарс мегӯянд, дорои таҷрибаи хуби корӣ буда, дар хориҷи кишвар такмили ихтисос намудаанд. Ҳамзамон, марказ бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дорои Серетификати дараҷаи олӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати мубориза бар зидди бемории сироятии СOVID-19 ва табобати сироятёфтагон ду маркази машваратии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти рақамҳои кӯтоҳи 311 ва 511 низ фаъол мебошанд. Ин рақамҳои телефони боварии вазорат ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, мутахассисони пуртаҷриба ба саволҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ, дар сурати тағйир ёфтани вазъи саломатӣ чӣ кор кардан, ба куҷо муроҷиат намудан ва кадом ташхисҳоро супурдан ҷавоб мегӯянд. Инчунин, тавассути ин рақамҳо дигар маълумоти мубрами рӯзро метавон пайдо кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси навъи CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714