Дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат дар давраи паҳншавии бемории COVID-19

Дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат дар давраи паҳншавии бемории COVID-19
Июл 15
08:27 2021

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали  паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар олам барои пешгирӣ ва муқобала бо ин бемории ҳамагир ва коҳиши таъсири манфии он ба вазъи саломатию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодии сокинони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуд. Дар робита ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар давраи пандемияи COVID-19  бо Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем:

Муҳтарам Шодихон Ҷамшед, лутфан бигуед, ки дар давраи паҳншавии пандемияи COVID-19 дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон чӣ чораҳо андешида шуданд

-Сараввал бояд қайд намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити кор ва зиндагии арзандаи ин табақаи ҷомеа ҳамеша тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Бо назардоштаи вазъи баамаломадаи пандемияи COVID-19, ки дар баробари соҳаҳои гуногуни ҷомеа таъсири манфии хешро зиндагии сокинони мамлакат расонид, дар чунин як давраи душвор баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманд чораҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Махсусан, баҳри тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ва пешгирии паҳншавии он  5 июни соли 2020 , №1544 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии  таъсири  бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 оид ба тадбирҳои  амалисозии фармони мазкур қабул гардида, тибқи он ба зиёда аз 480 000 гурӯҳҳои гуногуни осебпазири ҷомеа пардохти кумакпулии якдафъаина ба андозаи 400 сомонӣ пешбинӣ  гардида,  то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти болозикр ба 149 856  оилаҳои камбизоати шарҳу ноҳияи мамлакат дар ҳаҷми 59 942 400 сомонӣ  кумакпулии яквақтаина пардохт шуд.

Илова бар ин, бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишномаи молиявӣ оид ба маблағгузории “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” (Гранти №D604-TJ аз 3 апрели соли 2020 ба имзо расонид. Тибқи муқаррароти компоненти III созишномаи мазкур ва Дастурамал оид ба таъин ва пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3 – сола,  ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва тасдиқ гардида барои корбарӣ ба маќомоти ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.

-Лутфан ба хонандагон рӯшан месохтед, ки кумакпулии иҷтимоии якдафъаина дар доираи “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”  (Гранти №D604 TJ” ба киҳо ва ба кадом андоза дода шуд?

-Бояд гуфт, ки маблағгузории  кумакпулии иҷтимоии якдафъаина аз ҳисоби манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи амалисозии  Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба оилаи камбизоате, ки дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз 0 то 36 моҳа) мебошад, як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ аз тарафи аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то сини 3 сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ осебпазир мегарданд, таъйин ва пардохт гардид.

Аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаи мазкур тибқи тартиби муқарраршуда дар 68 шарҳу ноҳияи ҷумҳурӣ ба 64469 оилаҳои камбизоати дорои кудакони то сини 3 – сола дар ҳаҷми 32234500 сомонӣ кумакпулии  яквақтаинаи иҷтимоӣ пардохт карда шуд.

Тибқи тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина танҳо оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола (аз 0 то 36 моҳа), ки дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда буданд, ба рӯйхати пардохти кумакпулии яквақтаинаи фаврии иҷтимоӣ дохил карда шуданд.

Тавре иттилоъ дорем,  Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузории иловагиро бо ҳадафи таъмини омодагӣ ва эътино ба  бемории COVID-19 таҳти унвони Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонамалӣ истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба оилаҳои камбизоат чӣ гуна кӯмак пешбинӣ шудааст?

-Бо дастгирии бевоситаи  Сарвари давлат Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 31 майи соли 2021 (гранти №D777-TJ) “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо имзо расонида шуд. Илова ба ин,  Дастурамал дар бораи таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат аз ҷониби вазорат дар ҳамҷояги бо кормандони “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидаву аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда,  бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқа гардида,  барои корбарӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол карда шуд.

Оё ҳамаи оилаҳои камбизоат ҳуқуқи гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаинаро  доранд?

-Дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ ба кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ гуруҳҳои зерини ниёзманд ҳуқуқ доранд; хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони сини то 7 сола доранд,  хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат, ки тибқи ҳуҷҷати дахлдори мақомоти худидораи маҳалӣ занҳо сардори оила эътироф гардида, дар ҳайати худ кӯдакони сини аз 7 то 16 сола доранд, хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби сини то 18 сола доранд.

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кӯдакони синни то 16 сола шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва барои маъюбони синни то 18 сола ҳуҷҷати дахлдор дар бораи маъюбӣ ба ҳисоб мераванд, ки бояд дар махзани ягонаи системаи иттилоотии барнома ба қайд гирифта шуда бошад.

Хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат, ки кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ надоранд, барои ба кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намудан бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намуда,  шаҳодатномаи таваллуд ё ҳуҷҷати маъюбиро гирифта, барои ворид намудан ба махзани ягонаи иттилоотии барнома ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намоянд.

Хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоати дораи кӯдакони хурдсоли синни то 3 сола, ки дар марҳилаи якуми татбиқи Лоиҳаи ТЕС-19 (аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021) кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоиро гирифтанд, дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ ҳуқуқи такроран (дубора) гирифтани чунин кумакпулиро надоранд.

Маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии  якдафъаина  чӣ гуна сурат мегирад?

-Маблағгузории хароҷот барои пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат ва амалисозии дигар чорабиниҳо вобаста ба маъмурикунонӣ ва мусоидати техникии механизми мазкур дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

Кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ барои як хонавода (оила)-и камбизоат, новобаста аз шумораи кӯдакон дар ҳайати оила, як маротиба дар ҳаҷми 500 (панҷсад) сомонӣ пардохт карда мешавад.

Руйхати хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ аз махзани ягонаи системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ тартиб дода шуда, дар асоси он Феҳристи гирандагони кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар миқёси тамоми шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода мешавад.

Феҳристи гирандагони кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ва дархостномаи дахлдори Агентии мазкур барои аз ҳисоби Лоиҳаи ТЕС-19 маблағгузорӣ шудани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Барои интиқол додани маблағ Ҳисоби махсуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст.

Баъди ворид гардидани маблағ ба Ҳисоби махсуси Агентӣ, сметаи даромад ва хароҷоти маблағ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, сипас маблағи зарурӣ дар асоси супоришномаи пардохтии Агентӣ ба суратҳисоби сарраёсати Бонки давлатии амонатгузорӣ гузаронида мешавад.

Пардохти маблағи кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасонии филиали БДА «Амонатбонк» дар маҳалли зисти гирандагони кумакпулӣ анҷом дода мешавад.

Мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо филиалҳои БДА «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо баъди анҷоми ҳар як пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ санади муқоисавӣ тартиб дода, оид ба маблағҳои воридшуда, пардохтшуда ва маблағи пардохтнашудаи кумакпулии дар ҳисоби шахси гирандагони боқимонда ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва БДА «Амонатбонк» тибқи шакли замимагардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.

То имрӯз дар мамлакат чӣ қадар оилаҳои камбизоат аз кумаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор гардидаанд?

-Дар ин росто, дарҷ кардан зарур аст, ки  аз 1 июли соли 2020 кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷорӣ гардид. Соли 2020 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти хароҷоти маъмурӣ, пешбурди коргузорӣ, таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 86 252 454 сомонӣ маблағҳо пешбинӣ гардид, ки аз ин кумакпулӣ 207502 шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат бархўрдор гардиданд.

Соли ҷорӣ бошад, ин маблағи кумакпулӣ ба 110 116 968  расонида шуд, ки  нисбат ба соли гузашта 23 864 514 сомони зиёд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли  2021 шумораи шаҳрвандон ва  оилаҳои камбизоат 264172 нафар мебошад, ки аз шумораи умумии хонаводаҳои кишвар 17, 8%-ро ташкил медиҳад.

Муҳтарам Шодихон Ҷамшед, барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво аз шумо сидқан сипосгузорем ва ба фаъолияти кориятон барору муваффақият хоҳонем.

Мусоҳиб  Хусрав Шосаидов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 294
  • 1,242
  • 949,314