Дастовардҳои ҳосилшуда аз татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар соли 2022

Январ 25
16:05 2023

Соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   афзалиятнок эътироф шуда, дар доираи татбиқ ва роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Ҳамин аст, ки дар давоми қариб се даҳсолаи охир ва ё таи солҳои Истиқлоли комили миллӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастовардҳои илмиву амалӣ дар сохтори муассисаҳои  тандурустии сар то сари мамлакат ба миён омадааст. Агарчӣ дар солҳои қаблӣ вазъи хизматрасонии босифати тиббӣ ва гузаронидани амалиёти ҷароҳии хурду бузург дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳову маркази вилоятҳо гузаронида мешуд, имрӯзҳо рушди соҳаи тибб дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Ҳамин аст, ки татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ аз иқдомоти амалии ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дониста мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз қабилӣ:  А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ амалӣ мегардад, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ нақши кадирӣ иҷро менамояд.

Азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ,   таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи иқдомоти амалӣ ва қисматҳои амалисозии Лоиҳа дар соли 2022 низ як зумра дасторвадҳои назаррасе пиёда шудаанд.

Лоиҳа мазкур, ки дар асоси се   қисмат;  маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ), пурзӯр намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва идоракунии  Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ фаъолият мебарад дар соли 2022 ба як қатор дасторвадҳои амалӣ дастёб шуд.

Махсусан дар доираи татбиқи Лоиҳа дар соли 2022 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2022 -1 370 543,75  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳоест, ки корҳои иҷрошуда ва маблағи азхудшуда аз оғози татбиқи Лоиҳа ва ё давраи дуввуми маблағгудории он, ки  соли 2021 шурӯъ шуд, ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз аввали татбиқи Лоиҳа –  2 706 077,31  доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ,  асосан “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият” ва такмили заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои КАТС иборат мебошад

Лоиҳа дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз фаъолият дорад. Арзиши умумии татбиқи  Лоиҳа бошад 45 миллиону 232 ҳазор дол. ИМА-ро дар бар гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” аз соли 2013 фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ кардаву то ба соли 2020 дар 10 ноҳияҳои кишвар бобати боло бурдани вазъи хизматрасонии муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ санитарӣ фаъолият намудаву аз соли 2021 6 ноҳияи таҷрибавии дигарро зери сарпарастӣ қарор дод, ки дар умум ба 16 ноҳия расид. То ба ҳолати феълӣ Лоиҳа дар 736 марказ аз ҷумла 265  марказҳои саломатии деҳор 455 бунгоҳҳои саломатӣ, 16 маркази саломатии ноҳиявиро зери сарпарастӣ қарор додааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 730
  • 1,242
  • 949,750