“Дастовард, рушд ва дурнамои хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Тоҷикистон”

“Дастовард, рушд ва дурнамои хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Тоҷикистон”
Май 25
17:25 2022

“Дастовард, рушд ва дурнамои хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Тоҷикистон”-таҳти чунин унвон имрӯз, 25 майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он  муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарон ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ аснои суханронии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ислоҳот дар соҳаи мазкур пеш аз ҳама ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Номбурда дар ҷараёни суханронии хеш ҳамзамон қайд кард, ки ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода нақши табибони оилавиро дар таъмини солимии аҳолӣ махсус зикр намуда,  аз ҷумла иброз дошт, ки дар замони муосир хизматрасонии тибби оилавӣ яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар  ба шумор меравад.

Дар охири ҳамоиш  фаъолони соҳа бо Сипоснома ва Ифтихорномаи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани дастрасӣ, сифат, самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Айни замон дар тамоми қаламрави кишвар мутахассисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 26
  • 804
  • 1,242
  • 949,824