“Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеаҳо ва дурнамо”: Таҳти чунин унвон тренинги омӯзишӣ доир гардид

“Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеаҳо ва дурнамо”: Таҳти чунин унвон тренинги омӯзишӣ доир гардид
Декабр 22
12:18 2020

Имрӯз, 22 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе  доир ба масъалаҳои маъюбӣ таҳти унвони “Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеаҳо ва дурнамо” барои мутахассисони соҳаи тандурустӣ тренинги омӯзишӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” Саида Иноятова,  директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” Мунира Ғанизода, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода тренинги омӯзиширо ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар бораи ҳуқуқ ва солимии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта, расонидани хидматҳо ба чунин шахсон бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо, ташаккули муносибати таҳаммулпазирона ба шахсони маъюбиятдошта  мебошад.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ба маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати кор ва фаъолияти онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоидро фароҳам сохтааст.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ баромад намуда, ҳамзамон, атрофи мавзӯъҳои пешниҳодшуда бахши  саволу ҷавоб доир гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 905
  • 1,242
  • 949,925